ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА USAID ҶАЛАСАИ ЯКУМИ ШӮРО ОИД БА РУШДИ ТИҶОРАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОНРО БАРГУЗОР НАМУДАНД

Санаи 4 марти соли 2021 дар меҳмонхонаи  “Душанбе Серена” нахустин ҷаласаи Шӯро оид ба рушди тиҷорати электронӣ дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Лоиҳаи USAID оид ба рушди соҳибкорӣ ва доираи тиҷоратӣ  (USAID’s Future Growth Initiative, FGI) USAID’s Inative Growth Initiative (FGI) гузаронида шуд.

Дар ин чорабинии мазкур Муовини Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мукаддасзода Фирдавс Мукаддас, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Абдуғаффорзода Нӯъмон, Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари  USAID дар Тоҷикистон Кит Симмонс, Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Саидзода Иззатулло, намояндагони вазоратҳои адлия, молия, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав , кишоварзӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содирот, Кумитаи андоз, КВД “Тоҷиксуғурта”, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, шарикони рушд, ширкатҳои ТИ ва телекоммуникатсионӣ, бахши хусусӣ, инчунин мутахассисони соҳаи тиҷорати электронӣ иштирок намуданд.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, чунин зикр намуд: «Бозори фурӯши онлайнӣ бо суръати баланд меафзояд ва ба гуфтаи коршиносон, боз ҳам зудтар рушд хоҳад кард. Умедворем, ки Шӯрои рушди тиҷорати электронӣ ба як платформаи муҳими ҷамъиятӣ барои муколама мубаддал хоҳад шуд, ки дар он ба муҳокимаи масъалаҳои марбут ба таблиғ ва рушди тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати калон дода мешавад.”

Дар сухани ифтитоҳии худ Муовини Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мукаддасзода Фирдавс Мукаддас таъкид намуданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад. Айни замон, дар ин соҳа як қатор санадҳои меъёрӣ қабул карда шудаанд. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷорати электронӣ” ва лоиҳаи Стратегияи миллии рушди тиҷорати электронӣ таҳия шуда истодаанд.

Инчунин таъкид карда шуд, ки таъсисёбии Шӯро оид ба рушди тиҷорати электронии назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ ва мувофиқ буда, ҳамаи ҷонибҳоро гирди ҳам оварда, Шуро метавонад ба минбари муҳокимаи рушди тиҷорати электронӣ табдил ёбад.

Иҷрокунандаи вазифаи Роҳбари дафтари USAID дар Тоҷикистон Кит Симсон дар суханронии худ чунин гуфт: “Рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон на танҳо барои ширкатҳои бузург, балки барои корхонаҳои хурду миёна имкониятҳои нав фароҳам меорад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки фурӯш, содирот ва ташкили ҷойҳои нави кориро зиёд намоянд. Ин ба аҳолӣ имкон фароҳам меорад, ки бо нархи арзон ба доираи васеи маҳсулот ва хидматҳо дар бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Соҳаи мазкур барои давлат низ муҳим мебошад, зеро он иқтисоди шаффофтарро фароҳам меорад ва соҳибкоронро ба боз шудан ва дур шудан аз иқтисоди пинҳонӣ ташвиқ мекунад, ки ин дар ниҳоят ба афзоиши даромади давлат оварда мерасонад.”

Дар рафти мулоқот, дигар иштирокчиёни чорабинӣ низ баромад намуда, афкори назар намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа ба иштирокчиён рунамо дар бораи Шӯрои таъсисёфта пешниҳод карда шуда, ҳадафҳои Шӯро ва нақшаи кори Шӯро барои соли 2021 мавриди муҳокима қарор дода шуд.

,

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL