ТАШРИФИ  СОҲИБКОРОН – КИШОВАРЗОН  ВА КОРКАРДКУНАНДАГОНИ  МАҲСУЛОТҲОИ  КИШОВАРЗИИ   ВИЛОЯТИ  ХАТЛОН  БА  ВИЛОЯТИ  СУҒД

Санаҳои 5-6-уми марти соли равон таҳти роҳбарии Диреткори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон  ва намояндагони лоиҳаи USAID оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон (Winrock International) ҳайати соҳибкорон-кишоварзон ва коркардкунандагони маҳсулотҳои кишоварзии вилояти Хатлон ба вилояти Суғд ташриф ба амал оварданд.

Тибқи барномаи пешбинишуда дар шаҳри Хуҷанд Бизнес-форуми соҳибкорон баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ муовини Раиси вилояти Суғд ва намояндагони мақомотҳои давлативу ташкилотҳои байналхалқӣ ширкат намуданд.

Инчунин,  дар ноҳияи Б. Ғафуров бо иштироки олимони кишоварзӣ ва роҳбарони ташкилотҳои соҳа дар мавзӯи «Технологияи муосири парваришии зироатҳои сабзавотӣ дар шароити гармхонаҳои замонавӣ» семинари илмӣ-амалии  минтақавӣ доир гардид.

Сафари кории намояндагони вилояти Хатлон дар шаҳри Конибодом давом ёфта, вохӯриҳои судманди байни соҳибкорон баргузор карда шуд.

Санаи 6-уми март ҳайати намояндагон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, бо фаъолияти  соҳибкорони ба коркарду содироткунандаи пиёз шинос гардиданд.

Доир ба коркард ва басту банди пиёз, имкониятҳои мавҷудаи содироти он мизи мудаввар баргузор карда шуда, дар ҷараёни он хоҷагии деҳқонии  «Ситораи Зуҳал» ва кооперативи тиҷоратии «Рубада»-и вилояти Хатлон бо соҳибкори инфиродии Қодиров Зарифҷон аз ноҳияи Б.Ғафуров ба хариду фурӯши 180 тонна пиёзи ҳосили 2021 созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Нимаи дуюми рӯз вохӯриҳо дар ноҳияи Спитамен идома ёфта ҳайати намояндагон бо вазъи фаъолияти соҳибкорони соҳаи кишоварзии ноҳия аз наздик шинос гардиданд.

Вохӯриву мулоқотҳо ва чорабиниҳои барпогардида манфиатбахш дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гардида, ҳайати намояндагон бо таассуроти қаноатмандӣ ба Хатлон баргаштанд. 

Маркази матбуотии ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL