Ҷаласаи тантавӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Роҳбарият ва доираи васеъи кормандон ҷаласаи тантавӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид.

Ҷаласаи мазкурро Раиси Палатаи савдо ва саноат муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо суханҳои табрикотӣ оғоз намуда, бонувони Палата ва дар симои онҳо ҳамаи занону модарони кишварро ба Рӯзи Модар табрик гуфта, таманниётҳои некро ба онҳо орзу намуданд.

Ҳамзамон, Ҷумъахонзода Ҷамшед дар давоми табрикоти худ аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирӣ, қадрдонӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеъа ёдовар шуда, зикр намуданд, имрӯз зан модар дар қатори мардони кишвар низ дар ҳама соҳаҳо фаъолона кору фаъолият намуда истодаанд.

Инчунин, дар рафти ҷаласа ба кормандон сипоснома ба Палата, ки аз ҷониби Кумитаи тадорукот барои иштироки фаъолона ва саҳми муносиб дар ташкил ва баргузории Фестивали ҷумҳуриявӣ «Чакоми гесу» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштан, Палата сарфароз гардидааст, муаррифӣ карда шуд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL