Оид ба намоишгоҳи “ИДМ-30 сол”
Дар ҷашни 30-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассотсиатсияи “Маркази тиҷоратии рушди иқтисодии ИДМ” бо дастгирии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар якҷоягӣ бо шарикон Форуми байналмилалии иқтисодии давлатҳои узви ИДМ “ИДМ-30”-ро мегузаронад.
Дар доираи форуми мазкур, рӯзҳои 11-12-уми марти соли 2021, Намоишгоҳи ЭКСПО ИДМ “ИДМ – 30 сол” баргузор карда мешавад.
Намоишгоҳи «ЭКСПО ИДМ» – ин барои намоиши маҳсулоти ширкат, васеъ намудани имкониятҳои ҳамкории минбаъдаи созанда ва дарёфти шарикони стратегӣ заминаи хубе мебошад. Ҳадафи асосии намоишгоҳ рушди минбаъдаи тиҷорати байналмилалӣ ва ташаккули симои мусбии сармоягузории давлатҳои Иттиҳод мебошад. Дар ҷараёни «ЭКСПО ИДМ» барои пурсамарии кор, барқарорсозӣ ва рушди робитаҳои тиҷоратӣ ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда мешаванд. Зиёда аз 100 нафар иштирокчиён аз кишварҳои ИДМ ҳамчун иштирокчиён ба қайд гирифта шудаанд.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки шаш ширкати пешрафтаи кишварро дар намоишгоҳи онлайнии мазкур пешниҳод намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи мазкур, ҶДММ “САТН”, ҶСП “Евро-Азия-2005”, ҶДММ “БИСОТ”, ҶДММ “НАСИМ”, ҶДММ “Фабрикаи қаннодӣ АМИРИ”, ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” муаррифӣ менамоянд.
Иштирок дар намоишгоҳ имкони муоширатро дар вақти воқеӣ таввасути чатҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва алоқаи видеоӣ фароҳам меорад. Ширкатҳо метавонанд фаъолияти иқтисодии худро васеъ намуда ва бозорҳои нави фурӯшро барои маҳсулотҳои худ пайдо намоянд. Маълумот дар бораи иштирокчиёни намоишгоҳ барои тамошобинон дар давоми сол дастрас хоҳад буд.
Хоҳишмандон барои иштирок дар намоишгоҳи онлайнии “ИДМ-30 сол” метавонанд ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ