Вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Фаластин дар Тоҷикистон

Санаи 17 марти соли 2021 Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо сафири Давлати Фаластин дар Тоҷикистон ҷаноби Луай Исса дар толори Палата вохӯрӣ баргузор намуданд.

Ҷумъахонзода Ҷамшед пеш аз ҳама ташрифи ҷаноби сафир Луай Иссаро ба Палата хуш омадед гуфта, баъдан вобаста ба самти фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои ояндаи Палата дар самти баргузории намоишгоҳҳо ва инчунин, оид ба имкониятҳои тиҷоратӣ-сармоягузории ҷумҳурӣ маълумотҳои мушаххас ироа намуданд.

Ҷаноби сафир аз фаъолияти Палата ва имкониятҳои тиҷоратӣ-сармоягузории ҷумҳурӣ изҳори хушнудӣ намуда, қайд карданд, ки ин имкониятҳо ва имтиёзҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии сармоягузорону соҳибкорон ҷорӣ гардида, бояд миёни сармоягузорону соҳибкорони арабӣ низ муаррифӣ карда шаванд.

Дар робита ба ин масъала, ҷаноби Луай Исса ҷиҳати аз наздик шинос намудани сармоягузорону соҳибкорони кишварҳои арабӣ алахусус Фаластин ба имкониятҳо ва имтиёзҳои пешбини намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии соҳибкорону сармоягузоронии кишварҳои хориҷӣ ва фазои мусоиди сармоягузории дар Тоҷикистон фароҳам гардида, пешниҳод намуданд, ки дар ҳолати ба эътидол омадани вазъи КОВИД-19 дар ҷаҳон, як Бизнес-форум миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зиёда аз 50 нафар сармоягузорону соҳибкорони Фаластину кишварҳои арабӣ дар моҳи июн ё сентябри соли ҷорӣ баргузор гардонида шавад.

Ҷумъахонзода Ҷамшед пешниҳоди ҷониби сафирро қобили қабул шуморида, қайд намуданд, ки Палата омодааст, дар сурати ба эътидол омадани вазъи КОВИД-19 ва кушодашудани сарҳадҳо, ҷиҳати ҷалби сармояи кишварҳои арабӣ ба иқтисодёти кишвар ва муаррифӣ намудани имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни доираҳои соҳибкорону сармоягузорони арабӣ Бизнес-форумҳо ва дигар вохӯриҳои тиҷоратиро баргузор намояд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL