Иштироки ширкатҳои Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии INDUS FOOD-2021.

Аз 20 то 21 март дар шаҳри Биг Ноидаи Ҳиндустон намоишгоҳи байналмилалии хӯрокворӣ ва нӯшокиҳои INDUS FOOD – 2021 баргузор гардид, ки дар намоишгоҳи мазкур ҳайати корхона ва ширкатҳои Тоҷикистонро муовини Маркази намоишии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Камол Усмонов ва Намояндаи Палата дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон – Муродалиев Хусрав ҳамроҳӣ  намуданд.

Indus Food яке аз ярмаркаҳои калонтарини байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки ба баланд бардоштани имкониятҳои тиҷоратӣ дар соҳаи саноати хӯрокворӣ нигаронида шудааст.

Инчунин, дар намоишгоҳ зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд, ки дар байни онҳо аз Тоҷикистон 14 намояндагони корхона ва ширкатҳои зерин ширкат варзиданд:, ҶДММ «Армугон», ҶСК Комбинати Шири Кӯлоб, Кооперативи истеҳсолии Имоми Аъзам, ҶДММ Авангард, ҶДММ Сайфи Кодир, Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соҳибкорони инфиродӣ  Абдулакимов Ҷумъабой, Раҳматова Дилором ва дигарон. Дар доираи намоишгоҳи  байналмилалии INDUS FOOD -2021 ҷаласаи B2B баргузор гардид, ки дар он ширкатҳои ватанӣ – аъзоёни Палатаи савдо ва саноати ҶТ фаъолона ширкат варзиданд. Дар доираи ин чорабинӣ, ҷонибҳо тавассути паҳн кардани маводҳои иттилоотӣ (брошюраҳо ва варақаҳои корӣ) мубодила намуда, бо мақсади ҳамкории минбаъдаи ширкатҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон дар саноати хӯрокворӣ, аз ҷумла воридоти маҳсулоти босифат ва технологияи нав, таъсиси корхонаҳои муштарак, содироти маҳсулот як қатор гуфтушунидҳо гузарониданд.

 

 

Маркази матбуотии ПСС ҶТ.

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL