Мӯҳтарам Аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи Шумоёнро, ки узви ҷудонашавандаи Палата ба ҳисоб меравед, бо Иди касбӣ – яъне рӯзи таъсисёбии Палата аз самими қалб табрик менамоем!
Таърихи ҷадиди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибистиқлолӣ ва рушди кишвар пайвандӣ дорад. Ин давра барои Палата ҳамчун давраи қабул намудани қарорҳои муҳим барои рушд ва ба даст овардани муваффақияту дастовардҳои бузург ба ҳисоб меравад.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз марказҳои шинохташудаи фаъолияти соҳибкории Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва доираи тиҷоратро муттаҳид намуда, дар рушди он саҳм гузоштааст. Он яке аз майдонҳои бузург барои муошират миёни давлатҳо ва тоҷирон маҳсуб меёбад. Мақсади асосии Палата ташкил намудани шароити мусоид барои рушди соҳибкории ватанӣ ба ҳисоб рафта, он дар навбати худ ба беҳтар гардидани фазои иқтисодӣ ва иқтидори сармоягузории кишвар таъсири беандоза мерасонад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Палатаро дар рушди иқтисодиёти давлат баланд арзёбӣ намуда, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайвандгари боэътимод ва мустаҳками байни субъектҳои соҳибкорӣ ва давлат номидаанд.
Мо боварӣ дорем, ки ПСС ҶТ дар амалӣ намудани вазифаҳои муҳими иқтисодии дарпешистода дар кишвар ва арсаи байналмиллалӣ дар қатори пешсафон дар оянда низ ҷой хоҳад гирифт.
Бо камоли эҳтиром,
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумъахонзода Ҷамшед
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурахон