Маросими супоридани Сипосномаҳо ба ифтихори 61-солагии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
30 марти соли 2021 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими сипосгузорӣ бахшида ба 61-умин солгарди палата баргузор гардид.
Аз ҷониби Роҳбарияти Палата ба кормандони фаъоли Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни фаъоли Палата, аз ҷумла: вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тољикистон, ҷомеаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд, сипосномаҳо дода шуд.
Сипосномаҳо барои саҳми арзанда дар рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории судманд бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази Байналмилалии Тиҷорат (ITC) , Лоиҳаҳои USAID: Рушди соҳибкорӣ ва муҳити тиҷоратӣ, рақобатпазирӣ, савдо ва шуғл дар Осиёи Марказӣ (CTJ), баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон, Лоиҳаи GIZ “Ба сӯи фарогирии рушди деҳот ва устувории иқтисодӣ” (TRIGGER) тақдим карда шуд.
Барои саҳмгузорӣ дар рушди иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории судманд бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзоёни зерини Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуданд: Корхонаи Воҳиди Давлатии “Шаҳри Хушманд” (Смарт Сити), Ширкати Алюминийи Тоҷик“ ТАЛКО ”, ҶДММ “Бисот”, Фабрикаи қаннодии “Амирӣ”, ҶДММ “Ваҳдат Текстил”, ҶДММ “Рухом”, ҶДММ “Арҳдея К”, ҶДММ “Сиёма”, ҶДММ “555 МПК”, ҶДММ “Сатурн-1”, “Ч- 2912 ”, ҶДММ “ Авесто Гурух ”, ҶДММ “Акиа Авесто Автоматик Саноат”, “ТиллоЖелло”, ҶДММ“ Помир Энергосервис ”, ҶДММ “ Гофро Агрегат”, ҶСП “Мадади Турсунзода”, ҶДММ “Армугон ” ва ғайра.
Инчунин, барои саҳмгузорӣ дар рушди муносибатҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, намояндагони Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркманистон ва Ҳиндустон, низ сипосгузорӣ карда шуданд.
Зимни суханрониҳои худ намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд ва доираҳои тиҷоратӣ нақш ва дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намуда, омодагии худро барои рушди ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.
Маркази матбуотӣ ПСС ҶТ