Супоридани Сипоснома ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон        

Санаи 6-уми апрели соли ҷорӣ, дар доираи Бизнес-Форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аз ҷониби Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Беларус, Улахович Владимир Евгеневич барои омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани форуми соҳибкорони «Тоҷикистон-Беларуссия-Афғонистон» ва намоишгоҳи истеҳсолкунандагони Беларус «Истеҳсоли Беларус», дар шаҳри Душанбе ки дар доираи ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Беларус-Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодӣ баргузор гардид, ба Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипоснома тақдим карда шуд. 

Ҳамзамон, дар чорабинии зикргардида Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.

Қайд гардид, ки баргузории чунин чорабинӣ барои ҷалби сармояҳои Беларус ва Афғонистон ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмон додани корхонаҳои муштараки саноатӣ, дарёфти шарикони ҳамкор, зиёд ва васеъ намудани номгӯи молҳои содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL