Ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум дар бораи ташкили гурӯҳи корӣ, ҳамкории байни Палатаи савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорони рушди иқтисодии хориҷии “International Business Corporation”, Санкт-Петербург

15 апрели соли 2021, дар меҳмонхонаи Ҳаят Редженси, дар доираи сафари ҳайати тиҷоратии Санкт-Петербург ба Тоҷикистон, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо роҳбари ҳайати тиҷоратии Санкт-Петербург, Раиси Ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорони рушди иқтисодии хориҷии “International Business Corporation” Санкт-Петербург Руслан Марк, инчунин ҳайати тиҷоратии Санкт-Петербург, вохурӣ доир намуданд.

Зимни вохурӣ, Раиси ПСС ҶТ меҳмононро дар бораи корҳои ҷории Палата, махсусан дар бораи дастгирии бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пандемияи COVID-19 ва ташаббусҳои нав шинос намуданд.

“Муносибатҳои Тоҷикистону Русия марҳилаи нави рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни кишварҳоямонро ба даст овардаанд, ки такони ҷиддиро ба он мулоқотҳои тарафайни сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия медиҳад”, – гуфт Ҷумъахонзода Ҷамшед.

Раис аҳамияти афзоиши тиҷорати байниминтақавии байни ду кишварро бо истифода аз имконоти мавҷуда барои тавсеаи бозори фурӯш, ҳамкории саноатӣ ва ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноки рушди иқтисодии ду кишвар қайд намуд.

Вай инчунин ҳайати соҳибкоронро ба иштироки фаъолона дар ҳама чорабиниҳои Палатаҳои савдо ва саноат даъват намуда аз ин фурсат истифода бурда, онҳоро барои иштирок дар намоишгоҳи «Тоҷикистон-2021», ки баргузории он моҳи майи соли равон ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Санкт-Петербург, дар доираи ин мулоқот Ёддошти тафоҳум дар бораи ташкили гурӯҳи корӣ, ҳамкории байни Палатаи савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи сармоягузорон ва соҳибкорони рушди иқтисодии хориҷии “International Business Corporation” Санкт-Петербург, ба имзо расонида шуд.

 

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL