Конфронси онлайнии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбекистон

15 апрели соли 202  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Қароқалпоқистон бо мақсади васеъ намудани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии минтақавии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон видеоконфронсро баргузор намуданд.

Бо суханҳои ифтитоҳӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шоисматов Эргаш Раҳматуллаевич, муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Анваров Насим Наимович ва Раиси Палата савдо ва саноати Қароқалпоқистон – Жолдасов Дамир Рауажович кори видеоконфронсро оғоз намуданд.

Дар чорабинӣ, зиёда аз 25 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар бо маърӯзаҳо баромад намуданд, аз ҷумла: ҶДММ КАМА, ҶДММ Нукус Дилиша, ҶДММ ТЕХНИК ГЛОБЕ, ҶДММ Ориент Технология, Корхонаи воҳиди давлатии Текстилмаш, ҶДММ БИСОТ, ҶДММ ПАНАЕВ ФАРМАҲО, ҶДММ TAMARA TEXTILE, ҶДММ “Арҳдея К”, ҶДММ “МЕБЕЛ ОРАЙИ” ва ғ.

Дар натиҷаи ин чорабинӣ, Палатаҳои савдо ва саноати ҳар ду ҷониб дар бораи зерин қарор қабул намуданд:

– Созишномаи байни Палатаҳои савдо ва саноати Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурсатҳои муносиб ба имзо расонида шавад;

– мубодилаи маълумот оид ба тамос бо ҷомеаи тиҷоратӣ барои роҳандозии ҳамкорӣ ва мусоидат ба паҳнкунии глобалии пешниҳодҳои тиҷоратї ва сармоягузории ҳарду ҷониб.

– фарогирии маҳсулоти дар ду кишвар истеҳсолшуда дар порталҳои электронӣ ва дар вебсайтҳои Палатаи савдо ва саноат ҷойгир намудани пешниҳодҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ.

Маркази матбуоти ПСС ЉТ.

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL