Мулоқоти Раиси ПСС ҶТ бо Роҳбари Фонди Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон.
7 апрели соли 2021 мулоқоти Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Роҳбари Фонди Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ҷаноби Усома Маккавӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқоти корӣ ҷонибҳо дар бораи фаъолияти ташкилотҳои худ, инчунин дар бораи вазифаҳо ва нақшаҳо барои соли 2021 табодули назар карданд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасҳеҳи фаврии фаъолияти Палата оид ба дастгирии самарабахш ба бахши хусусӣ дар заминаи пандемияи COVID-19 сухан ронд.
Дар навбати худ, ҷаноби Усома Маккавӣ аҳамияти иштироки бахши хусусиро дар расонидани кӯмаки устувор ба кӯдакони Тоҷикистон тавассути беҳтар намудани таҳсилот, ташаккул ва ҷорӣ намудани пояҳои тарзи ҳаёти солим ва дигар омилҳои муҳими рушд ва ташаккули ҷавонон таъкид намуда қайд гардид, ки кӯдакон ояндаи Тоҷикистонанд.
Дар мулоқот инчунин мавзӯи пешгирии норасоии йод дар Тоҷикистон тавассути йодноккунии намак – раванди ғанисозии намак бо йод бо мақсади пешгирии бемориҳои норасоии йод дар кӯдакон ва калонсолон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ.