Мулоқоти Роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Ширкати Ҷопонии машваратии IMG INC
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед бо мушовири техникии ширкати машваратии Ҷопон дар Тоҷикистон IMG Inc, ҷаноби Нобухиса Ивас ва таҳлилгари ширкат хонум Яҳан Чанг вохурии корӣ баргузор намуд.
Мушовири техникии ширкати машваратии Ҷопон дар Тоҷикистон IMG Inc, Нобухиса Ивас дар ҷараёни мулоқот, дар бораи рисолати ширкат сухан гуфт. Қайд гардид, ки IMG Inc аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) барои гузаронидани омӯзиш ва ҷамъоварии маълумот оид ба маблағгузории корхонаҳои хурду миёна дар Осиёи Марказӣ (Қирғизистон ва Тоҷикистон) ҷалб карда шудааст. Ҳадафи омӯзиш ва ҷамъоварии маълумот ин ташаккули минбаъдаи лоиҳаҳои кӯмаки молиявӣ ва техникии JICA мебошад, ки ба беҳтар намудани дастрасии корхонаҳои хурду миёна ба маблағгузорӣ, равона карда шудааст.
Мақсади асосии вохӯрӣ муҳокимаи имконияти ҳамкории муштарак дар ин лоиҳа ва лоиҳаҳои минбаъда буд.
Раиси Палата аҳамияти дастгирии бахши хусусиро, махсусан масъалаҳои маблағгузории корхонаҳои хурду миёнаро қайд намуд ва нақши Палатаро дар дастгирии бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз он ҷумла дар заминаи пандемияи COVID-19 гуфт.
Дар ҷараёни вохурӣ, ҷонибҳо аз мулоқот изҳори қаноатмандӣ намуда, дурнамои кори муштаракро дар амалӣ намудани лоиҳаҳо, қайд намуданд.


Маркази матбуоти ПСС ҶТ.