Вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумхурии Ӯзбекистон Икрамов Адхам Илхамович
Дар доираи ҷаласаи 8-уми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки санаҳои 14 ва 15 май дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, Ҷамшед Ҷумъахонзода Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Икрамов Адхам Илхамович вохӯрии кори анҷом дод.
Зимни вохӯри, масъалаҳои мубрам, аз ҷумла баргузории Форуми доираи соҳибкорон, ҷаласаи навбатии Шӯрои кории Палатаҳои савдо ва саноат, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, инчунин ташкили намоишгоҳ ва таъмини иштироки соҳибкорони ҳарду кишвар дар чунин намоишгоҳҳо мавриди барраси қарор гирифт.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ