Форуми тиҷоратии “Тоҷикистон – Қазоқистон” афзалиятҳои ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратиро муайян намуд

Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, 17 майи соли 2021 дар Душанбе, дар меҳмонхонаи «Хилтон» Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид.

Ташкилкунандагони ин чорабинӣ ҶСК “Маркази рушди сиёсати тиҷоратии” QazTrade “(минбаъд – QazTrade) ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Форум инчунин дар доираи сафари њайати тиҷоратии ширкатҳои Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони ширкатҳои миллӣ, соҳибкорони бузурги Қазоқистон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди ду кишвар, ширкат варзиданд.

Аз ҷумла, ҳайати Қазоқистон аз намояндагони зиёда аз 15 корхонаҳо, ки дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, истеҳсоли маҳсулотҳои тиббӣ, истеҳсоли филтрҳо, телекоммуникатсия, телефония ва ҳамгироии система барои соҳибкорӣ, истеҳсоли гӯшти парранда, тухм, маҳсулоти коркарди гӯшт, истеҳсоли равған, истеҳсоли хӯроки омехта барои чорво, системаҳои чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, тандурустии рақамӣ, фабрикаи қаннодӣ, таҷҳизотҳои барқӣ, мошинсозӣ – ташкилоти ҳамлу нақл, фаъолият доранд, иборат буданд. Инҳо: ҶСК LKZ, Alageum Group LLP, Spirit Spirit LLP, BILLION FILTERS FE, FAIZ LLP, LLP EltexAlatau, Zhas Kanat 2006 LLP, LLP Sapa-2002, LLP Shift Systems, DAMU Center Technologies Center LLP, COOL INFINITY LLP, Essential Technologies ҶДММ, ЖШС Kurkem Telecom, SEC Kazygurt, SWEET IDEAS-KZ LLP.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёда аз 80 нафар намояндагони ширкатҳо, ассотсиатсияҳои пешбари кишвар, намояндагони соҳибкорони хурду миёна ва инчунин ВАО, ширкат варзиданд.

Ҳадафи асосии баргузории форуми тиҷоратӣ ин муҳокимаи рушд ва тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории Қазоқистону Тоҷикистон, барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ дар соҳаҳои афзалиятноки ду кишвар, дарёфти шарикони ҳамкор, ва ғайра мебошад.

– Қазоқистон шарики муҳими тиҷоратии Тоҷикистон аст, – гуфт дар баромади худ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед – аҳамияти ин мулоқот дар муайян кардани механизмҳои самарабахши ҳамгироии иқтисодии Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад.

Ин мулоқот, ба гуфтаи роҳбари Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои мусоидат ба таҳкими фазои эътимод байни соҳибкорон, барқарор намудани муносибатҳои байни корпоративӣ, ҳавасманд кардани эътимод ба зарурати сармоягузории нав дар Тоҷикистон, ва бо ғояҳои тиҷоратӣ дар доираи васеи тиҷоративу иқтисодӣ шинос шудани соҳибкорони қазоқистонӣ, таҳия шудааст.

Барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ заминаи зарурии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Аммо муҳимтарин масъала, ба гуфтаи Ҷумъахонзода Ҷамшед, имконоти ҳамгироии минтақавӣ мебошад.

– Муносибатҳои дуҷониба дар сатҳи баланд қарор доранд. Байни кишварҳои мо як иқтидори бузурги истифоданашуда мавҷуд аст. Аз ин лиҳоз, гардиши савдои мутақобиларо афзоиш додан ва доираи ҳамкориро васеъ намудан зарур мебошад. Махсусан ин дар давраи пандемияи COVID-19 муҳим аст, зеро аз ин бештар ҷомеаи тиҷоратии ду кишвар зарар диданд.

Форум ҳамчун як платформаи муаррифии иқтидори содиротӣ, намоиш додани имкониятҳои истеҳсолкунандагони пешбари Қазоқистон ва Тоҷикистон, барқарор намудани шарикӣ байни корхонаҳо, муайян ва татбиқи самтҳои дахлдори ҳамкорӣ, гардид.

Дар доираи форум, созишномаи ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази рушди сиёсати савдои “QazTrade” ба имзо расонида шуд.

Ғайр аз ин, мубодилаҳои тамос дар вохуриҳои дуҷониба дар формати BxB байни соҳибкорони ду кишвар, баргузор гардид ва инчунин байни ширкатҳои ду ҷониб шартномаҳо ба имзо расонида шуданд.

Пресс Центр ТПП РТ

Маркази матбуотӣ ПСС ҶТ.

 

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL