Соҳибкорони муҳтарам, ҳамкасбон!

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти Шумо мерасонад, ки мувофиқи қарори Шӯрои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2020 Иномов Абубакр Бобохонович ба вазифаи Раиси Арбитражи байналмиллалии тиҷоратии назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шуруъ намуд.

Айни замон, лоиҳаи «Консепсияи рушди Арбитражи байналмиллалии тиҷоратии назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» омода гардидааст.

Иловатан ба маълумотатон мерасонем, ки бо мақсади дастгири ва пайдо намудани эътибор дар байни соҳибкорони Тоҷикистон, аз тарафи мо хизматрасонии нав пешниҳод мегардад, ки дар доираи он мутахассисони беҳтарини соҳаи ҳуқуқи граждани барои омодасози ва пешниҳоди хулосаҳои ҳуқуқи ба лоиҳаҳои созишномаҳои сармоягузори, шартномаҳо ва додани Инчунин, мо фаъолияти худро ба фароҳам овардани имкониятҳои дар чорчубаи қонун ба роҳ мондани фаъолияти доираи васеъи соҳибкорон, тоҷирон, иқтисодчиён ва ҳамаи онҳое, ки ба фаъолияти худ нав оғоз кардаанд, равона менамоем. Ба сифати яке аз чораҳо, Арбитражи байналмиллалии тиҷоратии назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатгузории дахлдорро барои бақайдгирии фаъолияти соҳибкори ва пешбурди онро дар доираи қонунгузории амалкунанда ба роҳ мемонад.

Дар сурати ба миён омадани саволҳо Шумо метавонед бо нишонаҳои зерин дар тамос бошед:

+ 992 918 61 01 91

+ 992 985 25 77 00

e – mail: opendoors7@mail.ru

nurovn@mail.ru

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL