Намоишгоҳи «Бохтарфуд – 2021»
Бо мақсади амалисозӣ ва иҷрои дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани иқтидори содиротӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар доираи Форуми байналмилалии тиҷорӣ «Бохтарфуд – 2021» Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии лоиҳаи USAID оид ба беҳтар намудани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дигар шарикон, намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии кишварро ташкил намуд.
Дар намоишгоҳ меваю сабзавоти тару тозаи ватанӣ, меваҳои хушк, маҳсулоти консервашуда, маҳсулоти ширӣ, об, афшураҳо ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, иҷрокунандаи вазифаи Директори Намояндагии USAID дар Тоҷикистон Кит Симмонс, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, меҳмонон ва намояндагони корпуси дипломатии Ӯзбекистон, Россия, Беларус, Украина, Эрон, Афғонистон, Туркия, Литва, Гурҷистон ва Покистон ширкат намуданд.
Намоишгоҳ ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ имконият фароҳам овард, ки иқтидори Тоҷикистонро дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба меҳмонон ва иштироккунандагон нишон диҳанд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ.