Мулоқоти Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо котиби тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо атташеи тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Исломи Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Рашид Имтиёз мулоқот баргузор намуданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушд додани ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломи Покистон, густариши ҳамкориҳои байнипалатавӣ ва иштироки доираиҳои соҳибкорон ва ширкату корхонаҳо дар намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратии дар қаламрави кишварҳои якдигар баргузоршавандаро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.
Инчунин, Раиси Палата Ҷумъахонзода Ҷамшед ташкили корхонаҳои муштарак дар Минтақаҳои Озоди Иқитисодии кишварро муҳим арзёбӣ намуда, мувофиқи мақсад шумориданд, ки як ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷиҳати аз наздик шинос шудан ба имконияту имтиёзҳо ва фазои мусоиди сармоягузориву соҳибкорӣ ташкилнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оваранд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ