Вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) бо тариқи маҷозӣ (онлайн) вохӯрӣ баргузор намуданд. Дар вохӯрӣ аз Фонди байналмилалии Асъор ҷаноби Сергей Додзин ва Стивен Мулема, экспертҳои Департаменти низоми пулӣ-қарзӣ ва бозорҳои сармояи ХБА ва намояндаи ХБА дар Тоҷикистон ширкат варзиданд.

 Зимни вохӯрии мазкур, масъалаҳои вобаста ба асъори хориҷӣ, қурби асъор, сатҳи дастрасии соҳибкорон ба асъори хориҷӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуд.    

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL