Дар шаҳри Душанбе нишасти доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид

1-уми июни соли 2021 дар меҳмонхонаи “Хаят Реҷенси” Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид.

Форуми мазкур дар доираи сафари расмии дарпешистодаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Ташкилкунандагони ин чорабинӣ аз ҷониби Тоҷикистон – Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Ӯзбекистон – Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Дар чорабинӣ ҳайати Ӯзбекистон зиёда аз 100 нафар иборат буда намояндагони доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистонро аз 13 минтақа, ба монанди Самарқанд, Сирдарё, Бухоро, Намангон, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, Хоразм, Андиҷон, Ҷиззах, Қашқадарё, Навоӣ, Тошканд, шаҳри Тошканд, вилояти Фарғона, ташкил намуданд.

Ба ҳайат дар қатори намояндагони соҳибкорони Ӯзбекистон, инчунин намояндагони ҳукуматҳои шаҳрҳо ва вилоятҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон шомил буданд.

Ҷониби Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ беш аз 100 нафар намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва инчунин намояндагони вазорату идораҳои манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ карданд.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумъахонзода Ҷамшед бо сухани ифтитоҳӣ дар назди ҳозирин баромад намуд ва ҳайати Ӯзбекистонро самимона хайрамақдам намуда, барои таваҷҷӯҳи ҷониби ӯзбекистонӣ, ки ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид, изҳори сипос намуд.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷониби Ӯзбекистонро дар масъалаҳои ташкили корхонаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ашёи хоми маҳаллии Тоҷикистон ва бо назардошти бозорҳои ҳамсоякишвар ҳам бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, даъват намуд. Ғайр аз ин қайд намуд, ки бо фаъолияти Минтақаҳои Озоди Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шаванд, ки дар онҳо имтиёзҳо ва афзалиятҳои зиёд фароҳам оварда шудаанд.

Ҷумъахонзода Ҷамшед аҳамияти тақвияти минбаъдаи робитаҳои тиҷоратии байни соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро дар амиқтар намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвари бародар, алалхусус дар давраи бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, бинобар паҳн шудани пандемияи COVID-19 дар саросари ҷаҳон қайд намуда, таъкид намуд, ки аҳамияти баргузории мулоқоти корӣ дар формати B2B пеш аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, назаррас мебошад.

Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаисматов Эргаш Раҳматуллаевич низ ба иштирокчиёни форум сухани ифтитоҳӣ намуд. Вай таваҷҷӯҳи соҳибкорони Ӯзбекистонро ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо соҳибкорони Тоҷикистон бо дарназардошти имкониятҳои мавҷудаи истифоданашудаи ҳарду кишвар дар афзоиши гардиши мутақобилан судманди байни ду кишвар қайд намуд.

Дар доираи ин чорабинӣ, аз ҷониби Корхонаи Воҳиди Давлатии “Тоҷинвест”, муаррифии имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон карда шуд.

Дар ҷараёни мубодилаи тамос, доираҳои тиҷоратии ду кишвар имкониятҳои тавсеаи тиҷорати мутақобила, ташкили интиқоли маҳсулоти талабшаванда ба бозорҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо иштироки сармояи хусусиро дар чунин соҳаҳо ба монанди: хӯрокворӣ, бофандагӣ, кимиёвӣ, кишоварзӣ, чарм ва пойафзол, саноати электротехникӣ, технологияҳо ва таҷҳизоти саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, туризм ва ғайра, баррасӣ намуданд.

Мулоқотҳои байни соҳибкорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таваҷҷӯҳи олии соҳибкорони ду кишварро ба густариши тиҷорати мутақобилаи молҳо ва хидматҳо, ба роҳ мондани робитаҳои тиҷорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки  гуногуни тиҷорат, инчунин сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи коркард маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти кимиёвӣ, истеҳсоли шароб, маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғ., нишон дод.

Натиҷаҳои мулоқоти B2B, намояндагони доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистонро ба ниятҳои бастани шартномаҳои тиҷоратӣ бо соҳибкорони Тоҷикистон дар доираи сафари дарпешистодаи ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро, муҳокима карданд.

Маркази матбуотӣ ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL