Мулоқоти Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Котиб оид ба иқтисоди хориҷии Консули генералии Маҷористон дар Қазоқистон

Санаи 2 июни соли 2021 дар толори Палата мулоқоти Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Рустамова Манзура Акрамовна бо атташеи иқтисоди хориҷии Консули генералии Маҷористон дар Қазоқистон ҷаноби Дёрд ТАР баргузор гарид.

Қабл аз оғози муколама, Манзура Акрамовна ҷаноби Дёрди ТАР-ро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палата хайрамақдам намуда,  баъдан дар рафти мулоқот оид ба фаъолият ва нақшаҳои Палата дар самти баргузории намоишгоҳҳо, Бизнес-форумҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратӣ маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки пеш аз ҳамма  масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории байни Палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар, баҳри оғози мубодилаи иттилоотии ду кишвар ва шиносоӣ гардидани бахши хусусӣ оид ба имкониятҳои ҳамкорӣ, дар мадди аввал мебошад.

Ҳамзамон, аз ҷониби Дёрд ТАР оид ба омодагӣ ҷиҳати баргузории ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукумати оид ба ҳамкориҳои иҷтисодӣ ва дар доираи он баргузор намудани бизнес-форуми соҳибкорони байни ду кишвар моҳи августи соли ҷорӣ иттилоъ дода шуд.

Инчунин, Манзура Акрамовна доир ба имкониятҳои Минтақаҳои Озоди Иқтисодии ҷумҳурӣ, соҳаҳои афзалиятноки кишвар, имтиёзҳои пешбини намудаи Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии соҳибкориву сармоягузӣ, маълумотҳои мушаххасро ироа намуданд.

Дар рафти мулоқот, масаълаҳои бунёди корхонаҳои муштарак ва рушди табодули молу маҳсулот миёни ду кишвар ва ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон ба соҳаҳои афзалиятнок мавриди баррасии ҷонибҳо низ қарор дода шуданд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL