Дар Бохтар ҷаласаи чоруми Шӯрои кории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид

Дар доираи нахустин Форуми байниминтақавии соҳибкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки қабл аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, 9 июни соли 2021 дар шаҳри Бохтар ҷаласаи 4-уми Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки зиёда аз 70 нафар намояндагони соҳибкорони хурду миёна, аъзоёни Шӯрои соҳибкорони ду кишвар гузаронида шуд.

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷонибдори рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, тавсеаи таъминоти муштараки маҳсулоти саноатии лозима, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳавасмандгардонии савдои тарафайн ва инчунин ба рушди куллии ҳамкориҳои сармоягузорӣ  амалигардонии лоиҳаҳо ва барномаҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти ду кишвар, мебошанд.

Рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ба наздикии таърихӣ ва монандии фарҳангҳои ду кишвар, инчунин манфиати тарафайн ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар асоси принсипҳои ҳамсоягии нек асос ёфтааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии ду кишвар, муайян гардидаанд.

Тибқи рӯзномаи Шӯрои корӣ ҳисоботи Раисони қисмҳои миллии Шӯрои соҳибкорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуданд. Ғайр аз ин, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, аз ҷумла: ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва тиҷорати электронӣ, масъалаҳое, ки ба рушди ҳамкорӣ байни соҳибкорони ду кишвар монеа мешаванд, матраҳ гардид.

Дар хотимаи ин чорабинӣ, пас аз натиҷаи ҷаласаи чоруми Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, Протокол ба имзо расид, ки дар он тадбирҳо оид ба тақвияти минбаъдаи иштироки соҳибкорони хурду миёна дар чорабиниҳои дар қаламрави тарафҳо дар соли 2022 пешбинӣ шудаанд, дар заминаи палатаҳои савдо ва саноати ду кишвар, инчунин Ёддошти тафоҳум байни Палатаҳои савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба идоракунии тиҷорати наздимарзии муносибатҳо дар рушди кирмакпарварӣ ва атлас дар доираи лоиҳаи RUTSIS, ба имзо расонида шуд.

Маркази матбуотӣ ПСС ҶТ

 

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL