Афсонаи халқии тоҷикӣ “Дона” дар нашрияи электронии “Афсонаҳои кудакона аз тамоми дунё” ба забони англисӣ нашр карда шуд
Аз ҷониби мудирияти “ЭКСПО – 2020” Дубай оиди дар моҳи майи соли 2021 нашр шудани коллексияи охирони нашрияи электронии “Афсонаҳои кудакона аз тамоми дунё”, ки дар он афсонаи халқии тоҷикӣ “Дона” ворид шудааст, ба Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон мактуб ворид шуд. Афсонаи “Дона” ба забони англисӣ дар нашри электронии “Афсонаҳои кудакона аз тамоми дунё” бо расмҳои ба худ хос нашр шуда, дастрасиаш дар сомонаҳои машҳури Expo School Programme (саҳ. 325) ва Apple Books имконпазир гаштааст ва ба ҷаҳониён ройгон ҳамчун мероси халқи тоҷик муаррифӣ карда мешавад.
Бо назардошти ҳаҷм, 500 – 800 калима ва мутобиқат ба зермавзӯи Намоишгоҳ “Рушди Устувор” ва мавзӯи Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон “Об барои рушди устувор”, инчунин ҳифз ва нигоҳдории табиат, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Муассисаи нашриявии “Маориф“-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсонаи халқии тоҷикии “Дона”- ро, ки барои кӯдакон хусусияти тарбиявӣ низ дорад, барои воррид намудан ба нашрияи электронии ”Афсонаҳои кудакона аз тамоми дуньё” пешниҳод намуданд. Масъулини Палатаи савдо ва саноти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одил Сангов ва Александр Савченко афсонаи “Дона” –ро аз забони тоҷикӣ ба забони англисӣ тарҷума карда, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони “ЭКСПО – 2020” барои фаҳмиши кӯдакон матни онро бо забони англисӣ мутобиқ кунонда, бо зарбулмасалҳо ва масъалаҳои шавқовари шакли тарбиявӣ дошта, пайваст намуданд. Расомони он Далер Меҳтоҷов ва Сайера Имодинова мебошанд.
Хонандагони хурдсоли Тоҷикистон, талабагони мактаб ва хоҳишмандон метавонанд нашри электронии “Афсонаҳои кудакона аз тамоми дунё”, ки дар он афсонаи “Дона” ба забони англисӣ ворид гардидааст, аз сомонаҳои машҳури Expo School Programme ва Apple Books дар формати PDF дастрас намуда, мутолиа намоянд.
Маркази Матбуоти Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон