Мулоқоти Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини вазири рушди иқтисоди вилояти Челябински Федератсияи Россия
21 июли соли 2021 Муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамова Манзура Акрамовна бо Муовини вазири рушди иқтисоди вилояти Челябинск – Дмитрий Сергеевич Глухарев мулоқот доир намуд. Дар вохӯрӣ инчунин Директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалии вилояти Челябинск – Денисенко Валерий Вадимович, сармутахассиси Раёсати равобити иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисоди вилояти Челябинск – Елизавета Семёновна Савельева, иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи савдои Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Егор Юрьевич Карнаухов, низ иштирок намуданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон, дар вохӯрӣ сармутахассиси Раёсати мошинсозӣ, мудофиаи саноатӣ ва кимиёи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зокиров Комил, раиси Ассотсиатсияи брокерони гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Махмудова Фирӯза Суннатулоевна, Директори тиҷоратии ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, муовини директори “Муассисаи ташкили намоишгоҳҳо”-и назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мирзошоева Адолат Султоновна, ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, алахусус байни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Челябински Федератсияи Россия таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Ҷонибҳо инчунин ҷанбаҳои муҳимтарини соҳаҳои ҳамкориро аз ҷумла: масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои ба монанди металлургия, мошинсозӣ, энергетика, кимиё, радиоэлектроника, хӯрокворӣ саноати сабук ва таҷҳизоти ченкунӣ, кишоварзӣ, нақлиётро баррасӣ намуданд, ки самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон, мебошанд.
Манзура Рустамова изҳори умедворӣ кард, ки табодули иттилооти тиҷорӣ, ташкили чорабиниҳои намоишӣ барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷории ду ҷониб такони зарурӣ хоҳад бахшид. Ин ҳама асос дорад.
Ҷонибҳо инчунин аҳамияти тавсеаи фаъолияти Шӯрои таъсисёфтаи соҳибкорони «Тоҷикистон-Россия» ва дар доираи он баргузор намудани видеоконфронсҳо ва миссияҳои тиҷорӣ, инчунин истифодаи қаламрави Тоҷикистонро барои рушди маркази савдо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Исломии Афғонистон ва Федератсияи Русия. муҳим арзёбӣ карданд.
«Дар Тоҷикистон ашёи хоми аз ҷиҳати экологӣ тозаи маҳаллӣ хеле зиёд аст ва мо метавонистем бо назардошти афзалият ва манфиатҳо дар Минтақаҳои Озоди Иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсолии муштаракро созем ва дар якҷоягӣ ба бозорҳои ҳамсояи худ маҳсулотҳоро ворид намоем.
Тибқи стратегияи саноатии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз вазифаҳои асосӣ он ин таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ оид ба коркарди ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба содирот ва ивазкунандаи воридот бо назардошти бозори давлати ҳамсояи Афғонистон, мебошад. Аз ин рӯ, мо ба ҷалби таҷҳизот ва технологияҳои пешрафта, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ҳастанд, дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисод манфиатдорем. ”- гуфт Муовини раис.
Дар ҷараёни мулоқот, инчунин роҳандозии ҳамкорӣ байни корхонаҳои вилояти Челябинск бо Ширкати Алюминийи Тоҷик баррасӣ шуда, инчунин Роҳбари Ассотсиатсияи брокерони гумрук пешниҳод намуд, ки дар соҳаи хизматрасонии машваратӣ ба соҳибкорони Челябинск ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад.
Бо истифода аз ин фурсат, Муовини раис доираҳои тиҷоратии Челябинскро барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон 2021», ки баргузории он моҳи октябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Душанбе Инвест-2021», ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ