БАИМЗОРАСОНИИ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ОИД БА ТАЪСИСИ ШӮРОИ СОҲИБКОРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА АМОРОТИ МУТТАҲИДАИ АРАБ

Санаи 29-уми июли соли 2021 ба таври маҷозӣ ҷаласаи 4-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор гардид, ки зимни баргузории ҷаласаи мазкур миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати АМА Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳиддаи Араб ба имзо расонида шуд.

Дар рафти ҷаласаи болозикр Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон суханрони намуда, қайд намуданд, ки баимзорасонии санади мазкур метавонад ҷиҳати рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни соҳибкорони ҳарду кишвар, заминаи мусоид фароҳам оварад.

 

Маркази матбуоти ПСС ҶТ.

 

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL