Вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон

Санаи 9-уми августи соли 2021, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон дар толори Палата бо Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Имрон Ҳайдар, вохӯрӣ намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ, Ҷонибҳо вобаста ба сафари дарпешистодаи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Имрон Хон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар назар аст сафари мазкур моҳи сентябри соли ҷорӣ сурат гирад, гуфтугӯ намуда, ҳамзамон масъалаҳои баргузор намудани ҷаласаи навбатии Шӯрои муштараки кории Тоҷикистону Покистон ва ташкили Бизнес-форум миёни соҳибкорони ҳарду кишвар дар доираи сафари зикргардида, мавриди баррасии Ҷонибҳо қарор дода шуданд.   

Инчунин, зимни вохӯрии мазкур, Ҷонибҳо вобаста ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон мубодилаи афкор намуда, ҷиҳати мусоидат намудан дар рушд ва зич намудани иртиботҳо миёни соҳибкорону сармоягузорони кишварҳои якдигар ва иштироки фаъолонаи ширкату корхонаҳои ҳарду ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳо, бизнес-форумҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратии дар қаламрави кишварҳои якдигар баргузоршаванда, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

 

 

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL