Ба таваҷҷуҳи соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона ба маълумотатон мерасонад, ки санаи 25 авгуси соли 2021 соати 17:00 -19:30 бо вақти Пекин, Форуми маҷозии байналмилалии байни музофоти Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Ояндаи Энергетика, Роҳи Абрешими Сабз», дар плтформаи ZOOM, баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки дар чорабинии мазкур аз ҷониби дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ намояндгони Вазоратҳои энергетика, Ассотсиатсияҳо, ширкатхои хусусӣ дар соҳаи мазкур, аз он ҷумла корхонаҳое, ки бо энергияи алтернативӣ сарукор доранд ва намояндагони хоҷагиҳо, гармхонаҳо, корхонаҳои саноатӣ, корхонаҳои коркарди партовҳо, зеро ин корхонаҳо дар истифодаи захираҳои алтернативии энергия низ фаъолона иштирок мекунанд, сохтмони зеристгоҳҳо, истеҳсолоти (савдои) таҷҳизот, технология, хидматрасонӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ё дигар молҳо ё хидматҳои марбут ба манбаъҳои нави энергия, энергияи сабз, энергияи шамол, манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ва як корхонаи молиявӣ (азбаски барномаи форум музокироти гурӯҳиро оид ба лоиҳаи қарори маблағгузориро дар бар мегирад), иштирок хоҳанд намуд.
Бинобар муҳим ва мубрам будани масъалаҳои рушди энергетикаи сабз, Палата эҳтиромона Шумоёнро барои иштирок намудан дар ин чорабинӣ даъват менамояд.
Аз ин лиҳоз, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба суроғаи мо рӯйхати ширкатҳо, корхонаҳо, ки дар ии соҳа фаъолият менамоянд, то 17.08.21 сол, бо нишон додани ному насаб, вазифа, рақами телефон ва почтаи электрониро бо забони русӣ, пешниҳод намоед.
Дар навбати худ. ташкилкунандагон ба почтаи электронии пешниҳодшуда истиноди пайвастшавиро, равон хоҳанд намуд.
Телефонҳо барои тамос: 888777089, 223-06-69.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ