Муҳтарам аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар доираи сафари ҳайати Ҷумҳурии Бошқирдистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18-20 августи соли 2021 ба нақша гирифта шудааст, бо дастгирии Намояндагии савдои Федератсияи Руссия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 август соати 9-00 дар маҳалли Хонаи Русҳо (Душанбе, гузаргохи 1, кӯчаи Академик Раҷабовҳо, 9/1), мизи мудаввар барои мубодилаи таҷриба байни ташкилотҳои Бошқирдистону Тоҷикистон, баргузор мегардад.
Бо дарназардошти ин, мо шуморо барои иштирок дар ин мизи мудаввар, даъват менамоем.
Агар шумо ягон савол дошта бошед, бо Антон Александрович Сергеев, + 992 (37) 224 16 19, +992 907 012 290 тамос
Шӯъбаи кор бо аъзоёни ПСС ҶТ