Тоҷикистон-Туркия: имкониятҳои нави ҳамкории бахшҳои хусусии ду давлат

Санаи 19 августи соли 2021, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Эмре Зекӣ Карагёл, вохӯрӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ Ҷумъахонзода Ҷамшед аз равобити хуби тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия ёдовар шуда қайд намуд, ки гарчанде муносибатҳо миёни ҳарду кишвар мусбӣ арзёбӣ гардад ҳам, мутаасифона имрӯз имкониятҳо ҷиҳати рушд додани ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳои афзалиятноки кишварҳои якдигар, самарнок истифода нашуда истодаанд.

 Вобаста ба ин, Ҷонибҳо бо мақсади минбаъд ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Туркия ибрози андеша намуда, дар рафти вохӯрӣ масъалаи сафари дарпешистодаи ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Туркия ба шаҳри Душенбе ва дар доираи ин сафар баргузор намудани ҷаласаи Шӯрои кории Тоҷикистону Туркия, вохӯриҳои В2В ва дидан намудан аз фаъолияти якчанд ширкатҳои ватанӣ ва Минтақаҳои Озоди Иқтисодии кишварро, мавриди баррасӣ қарор доданд.

 Инчунин, зимни вохӯрии мазкур, Ҷонибҳо ҷиҳати мусоидат намудан дар рушд ва зич намудани иртиботҳо миёни соҳибкорону сармоягузорони кишварҳои якдигар ва иштироки фаъолонаи ширкату корхонаҳои ҳарду ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳо, бизнес-форумҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратии дар қаламрави кишварҳои якдигар баргузоршаванда, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

 

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL