Қадрдонии аъзоёни Палата дар арафаи иди 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 8 сентябри соли 2021 дар Палата вохӯри бо аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон-соҳибкорони ватанӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти ҷаласа аз ҷониби Роҳбарияти Палата ба ифтихори 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз ҷашнҳои фараҳбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, табрик намуда, ба қисмате аз аъзоёни Палата-соҳибкорони ватанӣ дар толори Палата бо сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.