Мулоқоти Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Котиби якум оид ба масъалаҳои иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Индонезия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Нур-Султон)
Санаи 24 сентябри соли 2021 Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анваров Насимҷон Наимович бо Котиби якум оид ба масъалаҳои иқтисодии Сафорати Ҷумҳурии Индонезия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар Нур-Султон) хонум Дармиа Диму дар толори Палата мулоқот баргузор намуданд.
Дар рафти мулоқот Ҷонибҳо оид ба рушд додани ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия изҳори андеша намуда, масъалаҳои зич ва густариш додани ҳамкориҳо миёни доираиҳои соҳибкорони ҳарду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин, Ҷонибҳо ҷиҳати мусоидат намудан дар иштироки соҳибкорон, ширкату корхонаҳои кишварҳои якдигар бо тариқи офлайниву онлайнӣ дар намоишгоҳҳо, бизнес-форумҳо ва дигар чорабиниҳои тиҷоратии дар қаламрави ҳарду кишвар баргузоршаванда, бо назардошти имкониятҳо изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ