Мулоқоти ширкатҳои Нидерландӣ бо ширкатҳои Тоҷикистон

Сафорати Шоҳигарии Нидерландия дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзноманигорон ва намояндагони ВАО -ро ба ифтитоҳи Форуми тиҷоратии ширкатҳои кишоварзии Нидерландия ва Тоҷикистон, ки дар доираи миссияи тиҷоратии Нидерландия дар Тоҷикистон рӯзҳои 10-13 октябри соли 2021 баргузор мегардад, даъват менамояд.

Ҳадафи миссияи тиҷоратӣ муайян кардани имконоти ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди иқтидори кишоварзии Тоҷикистон мебошад.

Пеш аз оғози Форуми тиҷоратӣ имконияти муошират бо ВАО вуҷуд дорад.

 Баромадкунандагон:

  • Муовини аввали Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода С.Г .
  • Муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анваров Н.Н .
  • Сафири Шоҳигарии Нидерланд Андре Карстенс
  • Намояндагони ширкатҳои Нидерландия.

 

Макон: Меҳмонхонаи «Душанбе Серена», хиёбони Рудакӣ 14

Шахси масъул: Сатторӣ М. тел.: 23 06 69; моб. тел.: 98 887 05 75

Замон: 11 октябр, 09:30-10:00 муошират бо ВАО

Шахси масъул барои бақайдгирии ВАО: Субхонкулова Малика malika_subkhonkulova@mail.ru

Ширкатҳои иштироккунанда аз тарафи Нидерландия дар миссия тиҷоратӣ:

ROCKWOOL Grodan

Ширкати ROCKWOOL Grodan барои парвариши касбии сабзавот ва гул субстратҳои инноватсиониро аз нахи сангӣ медиҳад.

Partners Network

Ширкати Partners Network – паҳнкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили гӯшт, моҳӣ, маҳсулоти ширӣ ва мева дар миқёси ҷаҳон мебошад.

Pluriton

Ширкати Pluriton тухмҳои инкубаторӣ ва чӯҷаҳои якрӯзаи зоти элитаро таъмин мекунад.

Tummers Methodic

Ширкати Tummers Methodic истеҳсолкунандаи мошинҳо, қисмҳо ва хатҳои мукаммали коркарди картошка ва таҷҳизоти хушккунӣ мебошад.

AGRA-NOVA     

Ширкати AGRA-NOVA хадамоти машваратӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таълим ва тарбияи мутахассисони истеҳсолот дар соҳаи сабзавоткорӣ ва меваҷот, беҳтар кардани сифат, истифодаи технология ва обёриро пешкаш мекунад.

Rijk Zwaan

Ширкати “Райк Сваан” яке аз 5 ширкати пешрави ҷаҳонӣ дар соҳаи тухмипарварӣ буда, бо селексия ва тухмипарварии зироатҳои сабзавот дар саросари ҷаҳон, таҳияи навъҳо ва гибридҳои баландсифат, истеҳсоли тухмҳо барои парвариши саноатӣ дар гармхонаҳо (гармхонаҳои полиэтиленӣ ва шишагин) ва майдони кушод мебошад.

Bejo Zaden

Дар самти селексия, истеҳсол ва фурӯши тухмиҳои сабзавот фаъолият дорад.

Delflandasia

Ширкати Delflandasia қисмҳои гармхонаҳо, аз ҷумла қисмҳои оҳанин, алюминий, қисмҳои гармидиҳӣ ва стендҳо истеҳсол мекунад. Ширкат плёнкаҳои полиэтилениро  халтаҳои пластикӣ барои пӯшонидани гармхонаҳо, хонаҳои шишагин, таҷҳизот барои системаҳои гармхонаҳо ва ҳамчунин муҳандисон барои насби гармхонаҳоро омода менамояд.

Enza Zaden

Ширкати Enza Zaden ба селексия ва истеҳсоли тухмӣ ва гибриди зиёда аз 30 намуди сабзавот машғул аст. 

HZPC Holland

Ширкати HZPC Holland ба селексия, парвариш ва таъмини тухмии картошкаи навъи аъло машғӯл аст.

Philips

Ширкати Philips – яке аз бузургтарин истеҳсолкунандагони электроника, технологияи соҳаи тандурустӣ, профилактикӣ, ташхис, табобат ва таҷҳизоти маишӣ мебошад.

 

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL