Мулоқоти Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  Роҳбари Гурӯҳи ширкати байналмилалии «Lalei Al Barakah»

Санаи 13 октябри соли 2021 дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Палата муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед бо Роҳбари яке аз ширкатҳои бонуфузи Арабистони Саудӣ, Гурӯҳи ширкати байналмилалии «Lalei Al Barakah» Шайх Солеҳ Баттерҷӣ, ки бо мақсади омӯзиши имкониятҳои сармоягузории кишвар ва иштирок намудан дар Форуми байналмилалии «Душанбе-инвест 2021» ташриф оварда буд, баргузор гардид.

Ҷумъахонзода Ҷамшед дар рафти мулоқот ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими Арабистони Саудӣ ба иқтисодиёти кишвар, бунёди корхонаҳои муштарак дар ҷумҳурӣ ва рушди табодули молу маҳсулот миёни кишварҳои якдигар, оид ба имкониятҳои сармоягузории соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ, имтиёзҳои пешбинӣ намудаи Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии соҳибкорону сармоягузорон ва имконоту имтиёзҳои дар Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ гардида, маълумотҳои мушаххасро ироа карданд.

Ҷонибҳои аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори хушнудӣ ва ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобила, ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Макрази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL