Вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Италия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Тошкант)
Санаи 28 октябри соли 2021 вохӯрии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед бо Сафири Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Тошкант) ҷаноби Агостино Пинна ва Директори Агентии савдои Италия Мартино Кастелланӣ доир гардид.
Қабл аз ҳама, Ҷумъахонзода Ҷамшед аз ташрифи ҷаноби Агостино Пинна ва Мартино Кастеллани ба Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати бархурдор гардидани онҳо аз фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, имкониятҳои тиҷоратӣ-сармоягузории кишвар, имтиёзҳои пешбинигардида дар ин самтҳо ва инчунин оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ маълумотҳои мушаххасро ироа намуданд.
Инчунин, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариш додани ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни ҳарду кишвар ва мустаҳкам намудани иртиботҳо миёни доираҳои тиҷоратӣ гуфтугӯ намуда, масъалаҳои ташкили бизнес-форумҳо, намоишгоҳҳо ва миссияҳои тиҷоратирро дар қаламравӣ кишварҳои якдигар бо иштироки соҳибкорону сармоягузорон аз ҳарду ҷониб, мавриди баррасӣ қарор дода, барои ташкил намудани чунин чорабиниҳо дар соли 2022 дар қаламрави ҳарду кишвар ҳавасмандии худро баён карданд.
Ҳамзамон, Директори Агетии савдои Италия ҷаноби Мартино Кастеллани низ барои мусоидат намудан дар ташкили сафари як ҳайати тиҷоратии Тоҷикистон ба Италия дар соли 2022 ҷиҳати муаррифӣ намудани маҳсулотҳои Тоҷикистон ва дарёфти шарикони худ аз кишвари мазкур омодагии худро изҳор намуд.
Вохӯрии мазкур дар як фазои хуби муколамавӣ миёни ҷонибҳо гузаронида шуд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ