Қадрдонии Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали ҷашнии 20-солагии таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай

Санаи 03 ноябри соли 2021, бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед, ҳамчун Раиси Шӯрои кории давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 Раисии Раёсати СҲШ-ро ба уҳда дорад, бо медали ҷашни 20-солагии таъсисёбии СҲШ, ҷиҳати саҳми арзанда гузоштан дар рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои СҲШ, сарфароз гардонида шуд.

Мукофоти мазкурро дар маросими тантанавӣ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сатториён Матлубахон Амонзода ба Ҷумъахонзода Ҷамшед тақдим намуд.

 

 

 

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL