Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО -2020» шаҳри Дубай зиёда аз 100 ҳазор нафар дидан намуданд
Ба Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО -2020» дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб дар давоми як моҳ аз якуми октябри соли 2021 зиёда аз 100 ҳазор нафар меҳмонон ташриф оварданд. Бояд қайд кунем, ки дар рӯзҳои истироҳатӣ қариб 8 500 нафар ва рӯзҳои корӣ ҳамарӯза зиёда аз 2 500 нафар меҳмонон ба Павилион ташриф меоранд.
Мавзӯи Павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмиллалии «ЭКСПО -2020» «Об барои рушди ӯстувор» мебошад. Дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО – 2020» зиёда аз 50 – иштирокчиён: вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳо, намунаи маҳсулотҳо, имкониятҳои ҳамкорӣ ва иқтидори худро дар соҳаҳои гидроэнергетика, захираҳои обӣ, саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, кӯҳкорӣ, роҳсозӣ, шаҳрсозӣ, ҳайвонҳои нодир, фарҳанг, маориф, таърих, гиёҳҳои коркардашудаи шифобахш, ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ ва ғ. муаррифӣ менамоянд. Маводҳо ҳамчун расмҳои калонҳаҷм, амсила, видеофилмҳо, намунаҳои маҳсулотҳо, маълумотномаҳо ва маводҳои иттилоотӣ дар шакли қоғазӣ ва электронӣ барои муаррифӣ пешниҳод карда шудаанд.
22 – декабри соли 2021 дар Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО – 2020» дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Аз рӯи маълумотҳое, ки аз ҷониби ташкилкунандагони Намоишгоҳ паҳн шудааст, дар давоми як моҳ аз якуми октябри соли ҷорӣ, Намоишгоҳҳи «ЭКСПО -2020» – ро дар Дубай 2, 3 млн нафар дидан намудаанд, ки қариб 17% онро хориҷиён ташкил медиҳанд. Қисми зиёди меҳмонон аз Ҳиндустон ва баъдан аз Германия, Франция, Арабистони Саудӣ ва Британияи Кабир мебошанд. То имрӯз намояндагони 185 кишвар аз Намоишгоҳ дидан намуданд. Намоишгоҳ дар байни ҷавонон бисёр машҳур мебошад, ки 17% меҳмононро ҷавонони то 18 сола ташкил медиҳанд. Дар ин ҷо кормандони Павилионҳои иштирокчӣ, кормандони «ЭКСПО – 2020», ҳайатҳои расмии кишварҳои иштирокчӣ, ҳайатҳои фарҳангӣ, ВАО ворид нашудаанд.
Дар давоми моҳи якуми кори Намоишгоҳ 5610 чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, форумҳои иқтисодӣ ва ғ. гузаронида шуда зиёда аз 2000 меҳмонои сатҳи олӣ – роҳбарони давлатҳо, Сарвазирон ва дигар кормандони расмии давлатӣ «ЭКСПО – 2020» – ро дидан намудаанд.
Дар Намоишгоҳи Умумиҷаҳонии «ЭКСПО-2020» дар Аморати Муттаҳидаи Араб Павилионҳои 192 кишвар муаррифӣ шуда истодааст.
Намоишгоҳи Умумиҷаҳонии ЭКСПО чорабинии муҳими байналмилалӣ буда, дорои таърихи бой мебошад ва дар кишварҳои гуногун аз соли 1851 гузаронида мешавад. Айни ҳол ЭКСПО барои кишварҳои иштирокчӣ на фақат барои муарифии навгониҳои технологӣ ва техникӣ балки як имконияти хуби иловагии дигар барои муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ мебошад.
Маркази матбуоти ПСС Ҷумҳурии Тоҷикистон