18 ноябри соли 2021 тариқи маҷози маҷлиси мақоми машваратии доимии Шӯрои сарони Палатаҳои савдо ва саноатии давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони марказҳои арбитражии Россия, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат доштанд.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Акрамовна Рустамова, раиси Суди арбитражии байналмилалии тиҷоратӣ ва Комиссияи арбитражии баҳрии Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Алексей Александрович Костин, Директори Маркази арбитраж ва миёнаравии ПСС Россия Подшибякин Дмитрий Николаевич, раиси Суди байналмилалии арбитраж дар назди Палатаи савдо ва саноати Чумхурии Киргизистон Шамарал Юсупович Майчиев баромад карданд.
Ҷаласаро раиси Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иномов Абӯбакр Бобохонович роњбарї намуд.
Баромади Алексей Костин ба дурнамои таъсиси иттифоқи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бахшида шуд.
Ҳамчунин дар мавзӯҳои: «Дуромадҳои рушди миёнаравӣ (медиатсия) дар Тоҷикистон», «Масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманд ва ҳамоҳангсозии заминаи меъёрию ҳуқуқии Абитражи байналмилалии тиҷоратӣ», «Дар бораи фаъолияти Маркази арбитраж ва миёнаравии ПСС ФР», «Рақамгардонии суди арбитражӣ» суханронӣ карда шуданд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ аҳамияти рушди ҳамкориҳои бисёрҷониба дар соҳаи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва расмиёти созиш, пешбурди арбитраж ва миёнаравӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин густариши фаъолияти муштаракро дар доираи як мақоми доимии машваратӣ қайд карда, ба хулоса омадаанд, ки пас аз анҷоми ҷаласа лоиҳаи созишномаи дахлдор омода карда мешавад.