Дар Тоҷикистон нахустин Анҷумани тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад.
Бо мақсади татбиқи Ёддошти тафоҳум байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея оид ба таъсиси Шӯрои соҳибкорон, ки 29 июни соли 2020 байни Палатаҳои кишварҳои Оиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ба имзо расида буд, инчунин густариши робитаҳои тиҷорӣ байни доираҳои тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раёсати ҷумҳурӣ дар Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея», баргузории нахустин Анҷумани соҳибкорони доираҳои тиҷоратии Маркази Осиё ва Ҷумҳурии Кореяро дар шакли ҳузурӣ, 29 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенси, шаҳри Душанбе, ба нақша гирифтааст.
Ташкилкунандагони ҳамоиш, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидат ва ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мебошанд.
Нахустин Форуми соҳибкорони «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» дар остонаи 14-умин Форуми ҳамкорӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Корея, ки 30 ноябри соли 2021 баргузор мегардад, ташкил карда мешавад.
Форуми мазкур ба минбари баррасии ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратӣ ва сармоягузории доираҳои соҳибкорӣ дар самтҳои афзалиятнок бо иштироки намояндагони бахши хусусӣ табдил хоҳад ёфт. Инчунин, Форуми мазкур ба ҷалби соҳибкории хурду миёна ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла тиҷорати электронӣ, агробизнес, амнияти озуқаворӣ, рушди саноат, нақлиёт ва логистика, ҳамкориҳои сармоягузорӣ бо мақсади рушди иқтидори содиротии кишварҳои иштирокчӣ нигаронида шудааст, ва эҷоди шабакаи устувори ҳамкорӣ байни соҳибкорони Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, хоҳад гардид.
Мо намояндагони вазорату идораҳои манфиатдор, доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушдро барои иштирок ба ин чорабинӣ даъват менамоем!
Шахси тамос аз ПСС ҶТ:
Муниса Сатторӣ – Сардори Раёсати кор бо аъзоёни ПСС ҶТ
Тел: + 992 98 887 05 75; Почтаи электронӣ: munisa.sattori@inbox.ru.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ.