Муаррифии маҳсулотҳои ватанӣ дар 5-умин Саммити байналмилалии тиҷоратии Селангор 2021 ва Намоишгоҳи байналмилалии Селангор (ғизо ва нушокиҳо) 18-21 ноябри 2021

Бо ташаббус ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия  ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор маҳсулотҳои ширкатҳои ватанӣ дар 5-умин Саммити байналмилалии тиҷоратии Селангор 2021 ва Намоишгоҳи байналмилалии Селангор (ғизо ва нушокиҳо) таҳти унвони «Фардо, имрӯз!», ки  18 – 21 ноябри соли 2021 баргузор гардида истодааст, муаррифӣ шуда истодаанд.

Дар Намоишгоҳи мазкур маҳсулотҳои истеҳсолкунандагони миллӣ, намунаҳои маҳсулот ва наворҳои видеоии ширкатҳои «Сиёма», «Баракат Исфара», «Амирӣ», «Витаминхои Тоҷикистон», «Ширин» ва гайра ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд.

Намоишгоҳи мазкур ҳамчун як платформаи тиҷоратӣ барои пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони тоҷик дар бозорҳои хориҷӣ, бахусус дар Малайзия ва рушди иқтидори содиротӣ, боз кардани бозорҳои нав барои маҳсулот, тавсеаи ҳамкориҳо миёни ширкатҳои Тоҷикистону Малайзия ва ҳамчунин ҷалби сармоя мебозад.

Тибқи иттилои созмондиҳандагони Саммити байналмилалии тиҷоратии Селангор дар соли ҷорӣ 500 ширкатҳои байналмилалӣ маҳсулотҳои худро ба намоиш гузошта, дар давоми 4 рӯзи чорабинии сатҳи байналмилалӣ беш аз 10,000 меҳмононро интизоранд.

 

 

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL