Соҳибкорони гиромӣ, Мӯҳтарам аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Соли 12-ум аст, ки Мову Шумо ва кулли мардуми шарифу саодатманди Точикистон Рӯзи Парчами давлатиро мутобики Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рамзхои давлати соҳибистиқлоли мо дар фазои сулҳу суботи сартосари Ваҳдати миллӣ ва садоқат ба орзуву ормонҳои чандинасраи халқамон бо шукӯҳу шахомати хоса, таҷлил менамоем.
Чуноне ки медонем, 24-ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи истиқлол ва соҳибихтиёрии худ – Парчами давлатӣ гардид. Соли 2009 бо иқдоми бевоситаи Пешвои миллат – Президенти мамлакат, Чаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санаи таърихи Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд ва ҳар сол бошукӯҳу тантана ҷашн гирифта мешавад.
Бинобар ин аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумо ва дар шахси Шумо тамоми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими дил табрику таҳният менамоям. Ба ҳамаи Шумо пеш аз ҳама тани сиҳату хотири ҷамъ, дили беғам, бахту саодати рӯзгор ва болои саратон осмони софу беғубор таманно дорам.
Бигузор Тоҷикистони азизи мо зери ливои парафшони Парчами миллии худ таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат – Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қуллаҳои баланди шукуфоиву тараққиёт расида, дар қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир ҷойгоҳи муносиби худро ишғол намояд.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон