Роҳҳои алтернативии муосири ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ
7-уми декабри соли 2021 дар шаҳри Бохтар семинар дар мавзӯи “Роҳҳои алтернативии муосири ҳалли баҳсҳои тиҷоратӣ” баргузор гардид.
Семинар аз љониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалии (GIZ) ташкил карда шуд.
Мақсади асосии семинари мазкур ба доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани маълумот дар бораи фаъолияти Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешниҳоди маълумотҳои кофӣ оид ба усулҳои мавҷудаи алтернативии ҳалли баҳсҳо мебошад, аз ҷумла, ҳалли пешакии баҳсҳо бо усули расмиёти мусолиҳа ва рушди институти медиация дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар чорабинӣ то 30 нафар соҳибкорони вилояти Хатлон ширкат варзиданд.
Дар чорабинӣ Раиси Арбитражи байналмилалии тиҷоратии назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иномов Абубакр Бобохонович, арбитри амалкунанда, собиқ раиси Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн, Котиби масъули Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуров Некмурод Нурович, баромад карданд.
Дар доираи омӯзиши мазкур, масъалаҳои «Рушди институти миёнаравӣ (расмиёти мусолиҳа- Медиатсия) дар Тоҷикистон», «Қонуни намунавии Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи савдои байналмилалӣ (UNCITRAL) оид ба арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ», «Консепсияи рушди Арбитражи байналмилалии тичоратии назди Палатаи савдо ва саноати Чумхурии Точикистон», «Таърихи таъсиси арбитраж дар Тоҷикистон ва амалияи арбитраж», «Бартарињои арбитраж нисбат ба судӣои давлатӣ», инчунин масъалаҳои расмиёти маъмурӣ: тиҷорат чӣ мушкилот дорад?, мавриди муњокима қарор дода шуд. Иштироккунандагони семинар ахамияти татбиқи усулҳои алтернативии ҳалли баҳсҳои тичоратӣ ва содда кардани расмиёти маъмуриро кайд намуданд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ