Вохӯрии Раиси Палата бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Руминия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 03 марти соли 2021, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Руминия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳаш дар Нур-султон) хонум Мэделина Лупу, вохӯрӣ баргузор намуданд.
Қабл аз ҳама Ҷумъахонзода Ҷамшед хонум Мэделина Лупуро ба ҳайси Сафири Ҷумҳурии Руминия дар Тоҷикистон тайин гардиданаш муборакбод ва дар фаъолияти минбаъдаи пурмасулияташ муваффақиятҳо таманно намуда, инчунин барои ташрифашон ба Палата изҳори миннатдорӣ кард.
Дар рафти вохӯрӣ, аз ҷониби Раиси Палата Ҷумъахонзода Ҷамшед ба хонум Сафир Мэделина Лупу маъулмотҳои мухтасар оид ба фаъолияту нақшаҳои ҷории Палата ва имкониятҳои сармоягузорӣ, соҳибкорӣ ва сайёҳии кишвар пешниҳод карда шуд.
Дар баробари ин, Ҷумъахонзода Ҷамшед ҷиҳати ба миён гузоштан ва густариш додани ҳамкориҳо миёни доираҳои соҳибкорони ҳарду кишвар баргузор намудани бизнес-миссияҳо ва ташкили намудани вохӯриҳои ҳайатҳои тиҷоратии кишварҳои якдигарро муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ, ҷонибҳо барои рушд додани ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Руминия бо истифода аз имкониятҳои ҳарду кишвар изҳори омодагӣ намуданд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ