Тоҷикистон — Австрия, имкониятҳои нави муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии доираҳои тичоратӣ

22 марти соли 2022 Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамова Манзура Акрамовна бо муовини раиси шаҳри Клагенфурти Австрия Алоис Долинар мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҷаноби Долинорро самимона истиқбол намуда, ӯро бо фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно намуд.

Зимнан зикр гардид, ки Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамасола як қатор чорабиниҳои муҳимро доир ба дастгирии соҳибкорони ватанӣ мегузаронад. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар соли 2021 зиёда аз 80 чорабинӣ, аз ҷумла: намоишгоҳҳо, форумҳои тиҷоратӣ, миссияҳои тиҷоратӣ ва ғайраро гузаронида, иштироки соҳибкорони ватаниро дар намоишгоҳҳои дар хориҷа баргузоргардидаро таъмин намудааст. Ҳамзамон, тибқи нақшаи кории Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 баргузории як қатор чорабиниҳои муҳим, аз қабили намоишгоҳҳои универсалӣ ва касбӣ, форумҳои тиҷоратӣ, намояндагиҳои тиҷоратӣ, ва ғайра, ки ба рушди иқтидори содиротии кишвар мусоидат менамояд, пайдо кардани шарикон барои рушди соҳибкорӣ, инчунин мусоидат ба татбиқи «Солҳои  рушди саноат» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро менамояд, ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар соли 2013 миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи федеролии иқтисодии Австрия Ёддошти тафоҳум ба имзо расида буд. Дар ин асос айни замон мубодилаи иттилоот идома дорад.

Илова бар ин, Рустамова Манзура таваҷҷуҳи Алоис Долинарро ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Клагенфурт ҷалб намуда, пешниҳод намуд, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон ва Клагенфурт намояндагиҳои тиҷорӣ ташкил карда шаванд ва ҳамчунин аз шаҳри Клагенфурт даъват карда шуд, ки доираҳои соҳибкориро ҷиҳати иштирок дар намоишгоҳҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилшаванда ҷалб карда шаванд ва пешниҳод намуд, ки ба ин муносибат бо тақвими намоишгоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 табодули назар карда шавад.

Бо мақсади ошноии бахши хусусии шаҳри Клагенфурт бо фазои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини Раис меҳмононро дар бораи флеш-корти нави таҳияшудаи «Раҳамои тиҷоратӣ», ки дар вебсайти Палатаи савдо ва саноат ҷойгир карда шудааст, ва он дорои маълумоти зиёди муфид оид ба Тоҷикистон аст, маълумот дод.

Дар навбати худ Алоис Долинар ба Муовини Раис барои маълумоти пешниҳодшуда изҳори сипос намуда, омодагии худро барои дастгирии ин пешниҳодҳо изҳор намуд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки миёни бахшҳои хусусии ду кишвар имконот ва зарфиятҳои истифоданашудаи зиёд вуҷуд доранд ва дар робита ба ин, омодагии худро барои амалӣ намудани ташаббусҳое, ки ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни бахшҳои хусусии Тоҷикистон ва Клагенфурт равона мебошанд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои амалӣ намудани онҳо кӯшиш хоҳанд намуд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL