Бизнес-форуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия
19 майи соли 2022 дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи 11-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Туркия баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ва мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия ташкил намуданд.
Дар ҳамоиш намояндагони 21 ширкати туркӣ аз соҳаҳои саноати сабук, мошинсозӣ, истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли мебел ва ғайра даъват шудаанд.
Аз ҷониби Тоҷикистон беш аз 100 нафар соҳибкорон аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ширкат намуданд.
Дар рафти чорабинӣ дар мавзӯҳои «Муаррифии кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муаррифии Минтақаҳои озоди иқтисодии ҶТ», «Муаррифии имкониятҳои сармоягузории ҶТ», «Муаррифии имкониятҳои коркарди пахта дар Тоҷикистон» ва «Муаррифии фаъолияти корхонаи Coca-Cola» рӯнамоҳо пешниҳоди ширкаткунандагон карда шуд.
Бахши дуввуми форуми тиҷоратӣ дар шакли мулоқотҳои B2B баргузор гардид, ки ба соҳибкорони тоҷик имкон медиҳад, ки бо намояндагони ширкатҳои туркӣ музокироти мустақим анҷом диҳанд.







Маркази матбуоти ПСС ҶТ