ДИҚҚАТ, ДИҚҚАТ, ДИҚҚАТ!
Муҳтарам Соҳибкорон-аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона ба маълумотатон мерасонад, ки санаи 26 майи соли 2022, соати 09:00, дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”, Бизнес форум ва вохўрии дуҷонибаи (B2B), миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, баргузор мегардад.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Саҳҳомии “Qaz Trade” Ҷумҳурии Қазоқистон гузаронида мешавад.
Ҳайати тиҷоратии Ҷумҳури Қазоқистон зиёда аз 18 шикрату корхонаҳои миёна ва бонуфузро дар бар гирифта, бо мақсади дидан намудан аз имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории кишварамон ва пайдо намудани шарикони худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд.
Рузи 26-ум пас аз нисфирузӣ ва рузи 27-ум вохуриҳо дар корхонаҳо низ ба нақша гирифта мешаванд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, мо шуморо барои иштирок ба Форуми дарпешистодаи соҳибкорӣ даъват менамоем, ва дар ҳолати хоҳиши баргузор намудани вохуриҳо дар ширкату корхонаҳои шумоён, лутфан ба тамосҳои зерин пешакӣ хабар диҳед: Мунисаи Сатторӣ – Тел: 988 870575; Саъдуллои Исмат – Тел 987901998.
Вақти баќайдгирӣ соати 09:00
Замима: Руйхати ширкатҳои љониби Ќазоќистон
Шахси масъул: Мунисаи Сатторӣ Тел: 988 870575
Саъдуллои Исмат Тел 987901998
Маркази матбуоти ПСС ҶТ