Намоишгоҳи онлайнии «Корея – Осиёи Марказӣ»
Муҳтарам соҳибкорон-аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба маълумоти Шумо эҳтиромона мерасонем, ки аз моҳи майи соли ҷорӣ инҷониб Намоишгоҳи онлайнии «Корея – Осиёи Марказӣ» оғоз гардидааст.
Дар Намоишгоҳи мазкур молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ аз соҳаҳои нассоҷӣ, автомобил, қисмҳои эҳтиётии автомобил, маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоту таҷҳизотҳои фармасевтикӣ, маҳсулоту таҷҳизотҳои косметикӣ, сохтмон ва ғайра ба намоиш гузошта шудааст, ки шумо метавонед бо маҳсулоти қобили тавваҷуҳи худ шинос шуда, шарикони худро аз Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ пайдо намоед.
Дар сурати ҳавасманд гардидан барои харидорӣ ё ҳамкорӣ намудан бо дилхоҳ ширкатҳои кореягӣ, ки маҳсулоти онҳо дар намоишгоҳи болозикр мавҷуд мебошад, шумо метавонед мустақиман ба масъулини чорабинии мазкур (маълумотҳои тамосӣ дар сомонаи онлайн намоишгоҳ мавҷуд мебошад) ва ё ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
Хоҳишмандем, барои дидан намудан аз Намоишгоҳи онлайнии маҳсулотҳои Кореягӣ бо забони русӣ ба пайванди зерин гузаред.
https://www.tradekorea.com/service/exhibition/branch.do?exhibitionno=2969
Барои дидан намудан аз Намоишгоҳи онлайнии маҳсулотҳои Кореягӣ бо забони англисӣ бошад ба пайванди зерин гузаред.
https://www.tradekorea.com/service/exhibition/branch.do?exhibitionno=2948