ДИҚҚАТ, ДИҚҚАТ, ДИҚҚАТ!
Муҳтарам Соҳибкорон–аъзоёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона ба маълумотатон мерасонад, ки санаи 14-уми июни соли 2022, соати 10:00, дар меҳмонхонаи “Румӣ”, Бизнес форум ва вохўрии дуҷонибаи (B2B), миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Кирови Федератсияи Россия, баргузор мегардад.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «ЭКСКОН Групп» и Федератсияи Россия, гузаронида мешавад.
Ҳайати тиҷоратии Вилояти Киров, ки чор шикрату корхонаҳои миёна ва бонуфузро дар бар гирифта, бо мақсади дидан намудан аз имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории кишварамон ва пайдо намудани шарикони худ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташриф меоранд.
Рузи 14-уми июн пас аз нисфирузӣ ва рузи 15-ум вохуриҳо дар корхонаҳо низ ба нақша гирифта мешаванд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, мо шуморо барои иштирок ба Форуми дарпешистодаи соҳибкорӣ даъват менамоем, ва дар ҳолати хоҳиши баргузор намудани вохуриҳо дар ширкату корхонаҳои шумоён, лутфан ба тамосҳои зерин пешакӣ хабар диҳед: Муниса Сатторӣ: 988870575; Нурсултон Ахмедов 908 80 80 70.
Вақти бақайдгирӣ соати 09:30
Руйхати ширкатҳои вилояти Киров
1 | ООО “ЛИТОН” | https://www.liton.ru | С 2002 года компания ЛИТОН производит пищевую упаковку для молочных предприятий, от полимерной гранулы до готовой упаковки с печатью |
Молочные предприятия, предприятия, которым нужна пищевая упаковка |
2 | ООО “Диномашина” | https://dinomachine.ru/ | DINOMACHINE — это российский производитель статичных и аниматронных выставочных фигур динозавров, насекомых, декораций и других малых архитектурных форм для парков развлечений, торгово-развлекательных центров и объектов индустрии развлечений любых видов | Парки развлечений, ТРЦ, городские парки, благоустройство территорий, символ города, музеи, образовательные учреждения, маскоты (талисманы) компаний |
3 | ООО «Вяткатрейд» | Пиломатериал обрезной хвойных пород (ЕЛЬ, СОСНА) | Оптовики, строительные компании, магазины пиломатериалов | |
4 | ООО «Партнер» | Пиломатериал сухой и естественной влажности хвойных пород | Оптовики, производства, дистрибьютеры |
Маркази матбуоти ПСС ҶТ