ЭЪЛОН ЭЪЛОН ЭЪЛОН!
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти наврасон ва ҷавонони аз 9 сола то 24 сола, аз ҷумла донишҷуёни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба варзиши рақами (кибер-варзиш) машғул мебошанд, мерасонад, ки аз ҷониби Федератсияи байналмилалии варзиши рақами Ҷумҳурии Корея (IEF) аз 14.10.2022 то 16.10.2022 Фестивали байналмилалии Еsports IEF 2022, баргузор карда шуда, дар доираи фестивали мазкур се намуд мусобиқа аз рўи бозиҳои (League of Legend; Battlegrounds; Haerthstone) доир карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи байналмилалии варзиши рақамии Ҷумҳурии Корея (IEF) таъмини иштироки ҷавонони тоҷикро дар бозиҳои League of Legend; Battlegrounds; Haerthstone ба нақша гирифтааст.
Шумораи бозингарон дар бозиҳо:
- League of Legend: 1 даста иборат аз 5 бозингар;
- Battlegrounds: 1 даста иборат аз 4 бозингар;
- Haerthstone: 1 даста иборат аз 1 бозингар;
Гуфтан ба маврид аст, ки ғолибони ҷойҳои ифтихории бозиҳои мазкур бо мукофотҳои пули қадрдонӣ карда мешаванд.
Аз ҷумла ғолибони ҷойҳои якуми бозиҳо ба маблағи – 10000$;
-ҷойҳои дуюм – 5000$
– ҷойҳои сеюм – 3000$.
Инчунин, чиптаҳои ҳавопаймо ва таъминоти будубош дар давоми мусобиқа ба варзишгарон, ки аз ҳар як кишвар интихоб шудаанд ва дар сурати лозима ҳаққи раводид ҳам барои вуруд ба Корея аз ҷониби Федератсияи байналмилалии варзиши рақамӣ (IEF) пардохт карда мешавад.
Хоҳишмандон барои номнавис шудан барои иштирок дар мусобиқаҳои бозиҳои болозикр, метавонанд ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (суроға: шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кучаи Валаматзода 21 ва ё ба тариқи телефонҳои 227-11-68; +992-905-30-38-37) муроҷиат намуда, ҳолномаи худро (резюме) ба почтаи электронии fayzulloev.samandar@mail.ru пешниҳод намоянд.
Маркази матбуоти ПСС ҶТ