Мулоқоти Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Палатаи савдои ш.Конияи Ҷумҳурии Туркия

Рӯзи 5–уми сентябри соли 2022 мулоқоти Муовини Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабов бо Президенти Палатаи савдои шаҳри Конияи Ҷумҳурии Туркия ҷаноби Селҷук Озтурк баргузор гардид.
Ҳайдар Раҷабов меҳмонро ба ш. Душанбе хайрамақдам гуфта, ба Селҷук Озтурк дар роҳи фаъолияти минбаъдааш тамоми дастовардҳои беназирро таманно намуд. Ҳамзамон қайд намуд, ки ташрифи ҷониби Кония ба арафаи ҷашни 31 солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон рост омад, ки ин як нишони неки дўстиву ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо мебошад.
Инчунин, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар чаҳорчӯби бахши тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои тарафайн анҷом ёфт.
Маркази матбуотии ПСС ҶТ
ArrowArrow
Slider
Паёмхои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
BUSINESS PORTAL