Вохӯрии соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикисотон бо соҳибкорони шаҳри Конияи Туркия
Санаи 05 сентябри соли 2022 дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии шањри Душанбе, вохӯрии доираи соҳибкорони Тоҷикистону шаҳри Конияи Љумњурии Туркия дар шакли В2В баргузор гардид.
Вохӯрӣ аз ҷониби Вазорати саноат ва техенологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон – Умед Солеҳзода, Муовини Раиси Палатаи савдо ва санаоти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳайдар Раҷабов ва Раиси Палатаи савдои шаҳри Конияи Ҷумҳурии Туркия – Селҷук Озтурк ширкат намуданд.
Дар вохӯрии мазкур аз ш. Кония ҳайати тиҷоратӣ иборат аз 11 ширкату корхонаҳои миёна ва бонуфузи самти соҳаҳои омехта, системаҳои гармидиҳӣ ва хунукдиҳӣ, қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ, мебелсозӣ, истеҳсоли пойафзолҳои намуди чармин ва дигар намудҳо, сохтмон, саноат, нассоҷӣ, мошинҳои соҳаи хоҷагии қишлоқ ва ғайра бо мақсади пайдо намудани шарикони тоҷикистонӣ ташриф намуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби тоҷикистонӣ беш аз 60 намояндагони бахши хусусӣ, ки дар самтҳои соҳаҳои болозикр фаъолият доранд, иштирок намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, бо ҳамтоёни худ аз Туркия муколамаи дуҷонибаи рӯ ба рӯ намуданд.








Маркази матбуотии ПСС ҶТ